Салом дуруд ба хамаи аъзоёни Кумитахои Амали Талабагон!
Мо хело шодем, ки дар мактабхои чумхуриамон Кумитахои Амали Талабагон
(КАТ) таъсис ёфтааст.
Кумитаи Амали Талабагон дар мактаби мо моххои аввали соли хониши 2003-2004
ташкил шуда буд. Дар он вакт ба хайати ин кумита 8 нафар хонанда аъзо
шуда буданд. Дар интихоботи президент ман, Шарифзода Афзал ба президент
кабул гардидам. Якуним сол гузаштааст ки ман хамрохи аъзоёнам бахри пешравии
мактабамон кор карда истодаем.
Ба фикри ман агар дар хама мактабхо Кумитахои Амали Талабагон таъсис
ёбад, шояд давлати мо,чомеаи мо хело пеш равад.
Дар таърихи 28 - апрели соли равон мо интихоботи
президенти КАТ барои соли хониши
2005-2006 - ро гузарондем. Дар интихобот аъзоёни КАТ ва сардорони синфхо
иштирок намуданд. Дар ин интихобот ду нафар хонандагони синфи 10 Каримова
Малика ва Бозорова Хуршеда ба номзади пешниход шуда буданд. Аксарияти
интихобкунандагон
номзад Бозорова Хуршеда овоз доданд, хамин тарик президенти Кумитаи
Амали
Талабагон барои соли хониши 2005 - 2006 Бозорова Хуршеда интихоб гардид.
Дар
интихобот аз тарафи IFES Латифов Тохир иштирок дошт. 7-май мачлиси
навбатии КАТ доир гардид ва дар ин мачлис аъзоёни нави КАТ кабул карда
шуданд.
Бо эхтироми зиёд аъзоёни Кумитаи Амали Талабагони
мактаби тахсилоти хамагонии №2-и н.Хисор
Шарифзода Афзалшо
Email: sharifzoda@yahoo.com